Skip Navigation

National Geographic Society Este programa se distribuye en los Estados Unidos y Canadá por National Geographic y EHD. [obtenga más información]

DVD ilustrado plurilingüe

La biología del desarrollo prenatal




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


 

Descargar versión en formato PDF  ¿Qué es PDF?
 

Desarrollo embrionario: 4 a 6 semanas

Capítulo 11   4 semanas: líquido amniótico

То ба 4 ҳафта пардаи тозаи обӣ ҷанинро дар халтаи бо моеъ пуршуда печонда мегирад. Моеъи атрофи ҳомила, ки моеъи амниотикӣ номида мешавад, ҷанинро аз ҳар гуна латхӯрӣ эмин нигоҳ медорад.

Capítulo 12   El corazón en acción

Дил одатан тахминан 113 маротаба дар як дақиқа мезанад.

Эътибор диҳед, ки аснои ҳар бор задани дил хун ҳангоми ба камераҳои он даромадан ва пас гаштан аз он, ранги дил чигуна тағйир меёбад.

Дил тақрибан 54 миллион бор пеш аз таваллуд метапад ва бештар аз 3,2 миллиард бор дар давоми умри 80 солаи инсон хоҳад зад.

Capítulo 13   Crecimiento del cerebro

Рушди босуръати мағзи сар бо намуди дигаргуншавандаи мағзи пеши сар, мағзи миёна ва мағзи пушти сар аён мегардад.

Capítulo 14   Esbozos de las extremidades y piel

Инкишофи дасту пой бо пайдоиши навдаи дасту пойҳо дар муддати то 4 ҳафта оғоз меёбад.

Ранги пӯсти ин вақт шаффоф аст, зеро он танхо қабати як ҳуҷайраӣ мебошад.

Ба қадри ғафсшавии пӯст, вай ин шаффофиро гум мекунад ва ин маънои онро дорад, ки мо метавонем фақат мушохада намоем, ки чи гуна органҳои дохилӣ дар давоми моҳи оянда инкишоф хоҳанд ёфт.

Capítulo 15   5 semanas: hemisferios cerebrales

Дар байни ҳафтахои 4 ва 5 майна рушди худро идома медиҳад ва ба 5 қисми намудоршаванда тақсим мешавад.

Сари ҳомила тақрибан 1/3 қисми тамоми ҳаҷми ҷанинро ташкил медиҳад.

Нимкураҳои мағзи сар падид меоянд ва тадриҷан ба қисмҳои калонтарини майнаи сар табдил меёбанд.

Бо гузашти вақт функсияҳо тавассути нимкураҳои мағзи сар идора карда мешаванд; ба ин функсияҳо фикрронӣ, омӯзиш, хотира, нутқ, биноӣ, шунавоӣ, ҳаракатҳои озод ва ҳалли муаммоҳо дохил мешаванд.

Capítulo 16   Vías respiratorias principales

Дар системаи органҳои нафаскашӣ пояҳои асосии росту чапи бронхаҳо мавҷуданд, ки бо гузашти вақт трахеяро ёхуд гулӯи нафаскаширо бо шуш мепайванданд.

Capítulo 17   Hígado y riñones

Дар ёд дошта бошед, ки ҷигари массившуда, ки холигоҳи шикамро пур мекунад ба дили таппанда бисёр наздик аст.

Гурдаи доимӣ дар 5 ҳафта пайдо мешаванд.

Capítulo 18   Saco vitelino y células germinales

Дар зардхалтаи тухм ҳуҷайраҳои барвақти худафзо хастанд, ки ҳуҷайрахои пушт номида мешаванд. Ба ҳафтаи 5 расида, ин ҳуҷайраҳои ҳомила ба сӯи аъзои репродуктивӣ, ки дар атрофи гурдаҳо ҷойгир шуда-анд, ҳаракат мекунанд.

Capítulo 19   Placas de las manos y cartílago

То муддати 5 ҳафта дар ҳомила кафи даст ривоҷ меёбад, аммо шаклёбии пай то 5 1/2 ҳафта оғоз меёбад.

Дар ин ҷо мо дар 5 ҳафтаю 6 рӯз кафи чап ва банди дастро дида метавонем.