Skip Navigation

National Geographic Society Este programa se distribuye en los Estados Unidos y Canadá por National Geographic y EHD. [obtenga más información]

DVD ilustrado plurilingüe

La biología del desarrollo prenatal




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


 

Descargar versión en formato PDF  ¿Qué es PDF?
 

Capítulo 41   4 a 5 meses (16 a 20 semanas): respuesta al estrés, vérnix caseoso, ritmos circadianos

То ба ҳафтаи 16 ба холигоҳи шиками ҳомила муолаҷаҳои монанди сӯзанзанӣ ҷавоби гормоналии амалкунандаи тангноро медиҳад ва норадреналинро ёки норепинефринро ба рагҳои хунгузаронӣ мебарорад. Тифлҳои навзод ва бачагони аз онҳо калонтар ба чунин муолаҷаҳои таъсирбахш айнан чунин ҳаракатҳои ҷавобӣ мегардонанд.

Дар низоми аъзои нафаскашӣ бехи бронхиалӣ қариб ба охир мерасад.

Моддаи сафеди ҳимоякунанда, ки верникси творогмонанд номида мешавад, акнун ҳомиларо мепӯшонад. Верникс пӯстро аз таъсири илтиҳобкунандаи моеъи атрофи ҳомила ҳимоя мекунад.

Аз ҳафтаи 19 сар карда ҳаракаткунии ҳомила, фаъолияти нафаскашӣ ва зудии таппиши дили ӯ сикли гардони ҳаррӯза такроршавандаро, ки ритми сиркадиан номида мешавад, сар мекунад.

Capítulo 42   6 a 7 meses (24 a 28 semanas): reflejo de parpadeo; las pupilas responden a la luz; olfato y gusto

То ҳафтаи 20 қисми садоқабулкунандаи даруни гӯш дар баробари пурра ривоҷёбии гӯши дарунӣ ба баробарии калоншудаи худ мерасад. Аз ҳамин вақт сар карда ҳомила ба садоҳои баландшаванда таъсирпазир мегардад.

Дар қисми сар мӯйҳо мерӯянд.

Дар тамоми қишрҳои пӯст ва системаи он, аз ҷумла, мӯй фолликулҳо ва ғадудҳо вуҷуд доранд.

Баъди бордоркунӣ аз ҳафтаи 21 то ҳафтаи 22 қобилияти нафаскашии шуш як андоза беҳбуд меёбад. Ин чун қобилияти нигоҳдошти ҳаёт маънидод мегардад, чунки дар берун аз шиками модар ҳаёти баъзе аз ҳомилаҳоро мумкин аст эмин нигоҳ дошт. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои дарозмуддат дар тиб имкони эмин нигоҳ доштани умри тифлони навзод, ки аз вақташ пеш зоида шудаанд, пайдо шуд.