Skip Navigation

National Geographic Society Este programa se distribuye en los Estados Unidos y Canadá por National Geographic y EHD. [obtenga más información]

DVD ilustrado plurilingüe

La biología del desarrollo prenatal


8 a 12 semanas


БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


 

Descargar versión en formato PDF  ¿Qué es PDF?
 

El período fetal (8 semanas hasta el nacimiento)

Capítulo 37   9 semanas: deglute, suspira y se despereza

Давраи ҳомиладорӣ то таваллуди кӯдак давом мекунад.

То поёни ҳафтаи 9 маккидани сарангушт сар мешавад ва ҳомила метавонад моеъи амниотикиро фурӯ барад.

Ҳамҷунин ҳомила метавонад объектро таҳти фишор қарор диҳад, сарашро болову поин такон диҳад, даҳонашро кушода пӯшонад, забонашро ба ҳаракат дарорад,нафас кашад ва дароз кашад.

Ресепторҳои асаби дар рӯй буда, ангуштони дастон ва ангуштони пойҳо мумкин аст, дастрасонии сабукро ҳис кунад.

Дар ҷавоб ба ламси нозук дар соҳаи нӯги ангушти пойҳо ҳомила миёнашро ва зонуҳояшро хам мекунад ва метавонад ангуштони пойро низ фишор диҳад.

Пилкҳои чашм акнун пурра пӯшонда мешаванд.

Дар ҳалқ пайвандҳои садо ар бораи оғози инкишофи пайчаҳои садо дарак медиҳанд.

Дар ҳомилаҳои занона бачадон ҷудо шуда меистад ва ҳуҷайраҳои худафзоро, ки овогония номида мешаванд, нишон медиҳад ва дар дохили тухмдон худ аз худ меафзояд.

Органҳои берунии ҷинсӣ дар шакли органҳои мардона ё ки занона ҷудо шуда меистанд.

Capítulo 38   10 semanas: pone lo ojos en blanco y bosteza, aparecen las uñas y huellas digitales

Ба муносибати инхишофи пуравҷи тан дар мобайни ҳафтаҳои 9 ва 10 вазни бадан ба 75 фоиз меофзояд.

Дар охири ҳафтаи 10 барангехтани пилки болоии чашм нигоҳро ба поён нигаронидан водор мекунад.

Ҳомила зуд-зуд хамёза мекашад ва зуд-зуд даҳонашро кушода мебандад.

Аксари ҳомилахо ангушти калони ростро мемаканд.

қисмҳои рӯда, ки дар даруни нофрӯда ҳастанд, ба холигоҳи шикам бармегарданд.

Ҷараёни шахшавӣ дар аксари устухонҳо давом мекунад.

Нохунҳои ангуштони даст ва ангуштони пой ба ривоҷёбӣ шурӯъ мекунанд.

Изҳои нодири ангуштон дар зарфи ҳафтаи 10 баъд аз бордоршавӣ падид меоянд. Ҷунин тавсифҳо мумкин аст барои идентификатсия дар давоми тамоми ҳаёт ба кор раванд.

Capítulo 39   11 semanas: absorbe glucosa y agua

Ба ҳафтаи 11 расида бинӣ ва лабҳо пурра шакл мегиранд. Тавре ки дар ҳар як узви дигари бадан рӯй медиҳад, намуди онҳо дар ҳар як марҳалаи ҳаёти инсонӣ дар ҳоли дигаргуншавист.

Меъда глюкоза ва обро, ки ҳомила фурӯ мебарад, ҷаббида мегирад.

Гарчи ҷинс ҳангоми бордоркунӣ муайян мешавад, бо вуҷуди ин ба кадом ҷинс мансуб будани аъзои ҷинсии берунаи зан ё мард аён мегардад.
8 a 12 semanas